КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ ТУРКМАНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба вазорати саноати бофандагӣ ва Иттиҳодияи корхонаҳои коркарди нафти ба номи Туркманбошӣ дастур дод, ки бо мақсади рушди муносибатҳои неки ҳамсоягии Туркманистону Тоҷикистон ва вобаста ба сардиҳои шадиди зимистони имсола, бо назардошти принсипҳои саховату инсондӯстии ниёгони ҳар ду мамлакат мувофиқи нақшаи тасдиқшуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона расонанд. Тибқи дастури Президент аз Туркманистон ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба маблағи бештар аз 500 ҳазор доллари ИМА либоси бачагона ва сӯзишвории дизелӣ фиристода мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






