КИТОБҲОНАИ ҲИСОР – ҒОЛИБИ ОЗМУН

Февраль 1, 2010 11:42

Ҳисор, 1-феврал.(АМИТ "Ховар", Ҳотам Рабиев).-Шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор бо мақсади иҷрои пешниҳоди Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди аз аҳолӣ ҷамъоварӣ намудани китобҳо корҳои мушаххасеро ба сомон расонд. То имрӯз ба китобхонаҳои ноҳиявӣ аз ҳисоби аҳолӣ, корхонаю ташкилотҳо 2 ҳазору 120 нусха ва аз ҳисоби падару модарон ба китобхонаҳои мактабӣ 9 ҳазору 150 нусха, ҷамъ дар ноҳия 11 ҳазору 270 нусха китобҳои гуногун ҷамъоварӣ карда ба хизмати мардум пешниҳод карда шуданд.  Лозим ба тазаккур аст, ки  китобхонаи марказии ноҳия ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Дар озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳои оммавӣ таҳти унвони “Чароғи ҳидоят” бахшида ба 15 солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаи марказии ноҳияи Ҳисор сазовори ҷои якум гашт.

Февраль 1, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд