КОМЁБИИ ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК

Февраль 22, 2010 11:27

Душанбе,  22  феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —  Дастаи  мунтахаби  футболи   Тоҷикистон  дар  доираи   мусобиқаи  байналхалқӣ барои  ба  даст  овардани  Ҷоми  имтиёзи  Конфедератсияи  футболи Осиё  дар гурӯҳи  «А»  ҷои  аввалро  ишғол  намуда,  ба  қувваозмоии  ниманиҳоӣ  роҳхат  гирифт. Шогирдони  Пӯлод  Қодиров  рӯзи  шанбе   зимни  қувваозмоӣ  бо  дастаи  мунтахаби  Мянма  бо  ҳисоби 3:0  ғалаба ба даст оварданд. Ҳисоби  бозиро  дар  даври  аввал  Иброҳим  Рабимов  кушод,  баъди  танаффус  Нӯъмон  Ҳакимов  ва  Юсуф  Рабиев  ба  дарвозаи  ҳарифон боз  як  тӯбӣ   заданд.  Ҳамин  тариқ футболбозони тоҷик  муборизаро  барои  ба  даст  овардани роҳхати  ягона   ба   мусобиқаи  дастаҳои  футболи  қитъаи  Осиё  давом  медиҳанд, ки  моҳи  январи  соли  2011  дар  Қатар баргузор  мегардад.  

Февраль 22, 2010 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд