КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР МЮНХЕН
Мюнхен, 8 феврал. (АМИТ «Ховар» — ИТАР-ТАСС). — Аз 5 то 7 феврал дар шаҳри Мюнхени Олмон бахшида ба масъалаҳои амният конфронси байналхалқӣ баргузор гардид. Дар он теъдоди зиёди сарони давлатҳо, сарони ҳукуматҳо, вазирон, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ, намояндагони парлумонҳо, мансабдорони низомӣ, сиёсатшиносон ва хабарнигорон иштирок намуданд. Дар байни иштирокчиёни конфронс Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, президенти Афғонистон Ҳамид Карзад, Муншии умумии СММ Пан Ги Мун, директори генералии Агентии байналмилалии энергияи атом Юкия Амано, Муншии умумии НАТО Андерс Фог Расмусен, муовини раиси ҳукумати Русия Сергей Иванов, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, раиси ҷамъияти корхонаҳои гази Русия Валерий Язев, раиси кумитаи масъалаҳои байналхалқии Думаи давлатӣ Константин Косачев, намояндаи доимии Русия дар НАТО Дмитрий Рогозин, вазири корҳои хориҷии Олмон Гидо Вестервеле, вазири мудофиаи Олмон Карл Гутенберг, вазирони корҳои хориҷии Чин, Британияи Кабир, Украина, Гурҷистон, Латвия, аъзои сенати Амрико ва дигарон ҳузур доштанд. Дар конфронс мавзӯъҳои гуногуни марбут ба таъмини амният дар саросари ҷаҳон муҳокима шуданд. Конфронси мазкур ҳар сол дар Мюнхен рӯзҳои истироҳати аввалини моҳи феврал гузаронида мешавад. Конфроси нахустини Мюнхен соли 1962 баргузор гардида буд. Теъдоди иштирокчиёни он дар давоми 10 соли охир хеле афзуд, имрӯз дар он намояндагони мамлакатҳои Аврупои марказию шарқӣ, Чин, Ҳиндустон, Филиппин, Ҷопон ва Сингапур иштирок менамоянд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






