КОРГАРОНИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ИНТИХОБОТ ШИРКАТ МЕВАРЗАНД
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Тибқи хабари ширкати давлатии радиою телевизиони «Перм» — и шаҳри Перми Федератсияи Русия 26 феврал коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар вилояти Перм кору зиндагӣ мекунанд, 26 феврал пеш аз мӯҳлат дар ду қитъаи интихоботӣ овоз доданд. Ба рӯйхати интихобкунандагон дар вилояти мазкур тақрибан 5 ҳазор нафар дохил карда шуда буд. Қуттиҳои овоздиҳӣ баъди анҷом ёфтани маъракаи интихобот сурғуч зада, ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Намояндаи комиссияи интихоботии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Перм Раҳматулло Мазориев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки коргарони муҳоҷир дар маъракаи интихобот фаъолона иштирок намуданд. Ҳамаи онҳо баъди адои намози бомдод ба тарафдории номзадҳои писандидаашон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳурӣ овоз доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






