КОРИ КОРХОНАИ «ВАҲДАТГАЗ» БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ АСТ?
Ваҳдат, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). — Дар соли сипаришуда Ҷамъияти саҳҳомии навъи кушодаи «Ваҳдатгаз» ба маблағи 144 ҳазору 522 сомонӣ гази табиӣ ба аҳолӣ фурӯхт. Аз фурӯши гази табиӣ 146 ҳазору 520 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карда шуд, ки 101 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Инчунин қубурҳои газгузар ба миқдори 1100 метр аз назар гузаронида шуда, 2 адад маҳкамкунакҳо дар пунктҳои газтаъминкунӣ ва чоҳҳои газӣ иваз карда шуд. Дар ин давра 140 адад таҷҳизотҳои газӣ таъмир карда шуд ва 28 адад нуқтаҳои зиёдатии газӣ бурида шуданд. Ҳамзамон, барои сари вақт аз ҷониби аҳолӣ напардохтани маблағи газӣ истифода бурдашуда, 265 хонаи истиқоматӣ аз интиқоли гази табиӣ маҳрум карда шуд. Кори корхонаи «Ваҳдагаз» мувофиқи талаботи рӯз ҷавобгӯ нест, зеро нуқтаҳои фурӯши гази моеъ ниҳоят кам аст. Маъмурияти ҶСНК «Ваҳдатгаз»-ро зарур аст, ки ба роҳ мондани фурӯши гази моеъро дар зарфҳои махсус дар соли 2010 хуб ба роҳ монад. Дар ин мавзӯъ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси шаҳри Ваҳдат Хайриддин Камолов иттилоъ дод.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






