КУРСИ КӮТОҲМУДДАТ БАРОИ МАРЗБОНОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Февраль 17, 2010 10:40

Душанбе,  17  феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис  Раҳимова). —  13  феврал  дар  шаҳри  Алмаатои  Қазоқистон  машғулияти   марзбонони  ҳамаи  панҷ  мамлакати  Осиёи  Марказӣ  дар  курсҳои  кӯтоҳмуддати ташкилнамудаи  Иттиҳоди  Аврупо  ва  Муассисаи  рушди  СММ  ба  охир расид. Дар фарҷоми  таҳсил  ба  марзбонон  сертификатҳои  дахлдор  дода шуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки дар  ин  машғулиятҳо  аз  Тоҷикистон  муаллими  Омӯзишгоҳи  олии  марзбонони  Кумитаи  давлатии  амнияти  миллӣ  Сафаралӣ  Иззатов,  мутахассиси  пешбари  раёсати   пешгирии  бемориҳои  хавфноки  Вазорати тандурустӣ  Фирдавс  Аҳроров,   мудири  шӯъбаи  раёсати   назорати  давлатии  ветеринарӣ  дар нақлиёти  вилояти  Суғд  Абдуваҳҳоб  Давлатов,  сармутахассиси  шӯъбаи  хадамоти  назорати  қарантинии Вазорати  кишоварзӣ  Шамсиддин  Мирзоалиев,  сарнозири  раёсати   назорати  гумруки  Хадамоти  гумруки  назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  Исмоил  Сафаров  ва  сармушовири  миллии  Тоҷикистон  дар   барномаи  Иттиҳоди  Аврупо  ва   муассисаи  рушди  СММ  барои   идораи  сарҳадҳо  дар  Осиёи  Марказӣ  Акрам  Раҳматов  ширкат  варзиданд.

Февраль 17, 2010 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд