КУРСИ КӮТОҲМУДДАТ БАРОИ МАРЗБОНОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 13 феврал дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон машғулияти марзбонони ҳамаи панҷ мамлакати Осиёи Марказӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддати ташкилнамудаи Иттиҳоди Аврупо ва Муассисаи рушди СММ ба охир расид. Дар фарҷоми таҳсил ба марзбонон сертификатҳои дахлдор дода шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин машғулиятҳо аз Тоҷикистон муаллими Омӯзишгоҳи олии марзбонони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Сафаралӣ Иззатов, мутахассиси пешбари раёсати пешгирии бемориҳои хавфноки Вазорати тандурустӣ Фирдавс Аҳроров, мудири шӯъбаи раёсати назорати давлатии ветеринарӣ дар нақлиёти вилояти Суғд Абдуваҳҳоб Давлатов, сармутахассиси шӯъбаи хадамоти назорати қарантинии Вазорати кишоварзӣ Шамсиддин Мирзоалиев, сарнозири раёсати назорати гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Исмоил Сафаров ва сармушовири миллии Тоҷикистон дар барномаи Иттиҳоди Аврупо ва муассисаи рушди СММ барои идораи сарҳадҳо дар Осиёи Марказӣ Акрам Раҳматов ширкат варзиданд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






