ЛИМИТИ БАРҚ ЗИЁД ШУД
Курғонтеппа, 5 феврал (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).- Сар карда аз 5- уми феврал дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппа боз дар нақшаи тақсими нерӯи барқ ба аҳолӣ тағйирот ворид карда шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шабакаҳои барқи ҷануби вилояти Хатлон хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ ҳамакнун аҳолӣ субҳона аз соати 4 то 9 ва шабона ҳам ҳамчунин бо нерӯи барқ таъмин мегардад. Ин дар ҳоле мебошад, ки худи мардум аз чунин тақсимоти қувваи барқ норизо мебошанд. Бино ба гуфти Насима Талбакова, як тан сокини ноҳияи Вахш барқро аз соати чаҳор медиҳанд, ки дар ин вақт ба касе он лозим нест. Беҳтар мебуд, ки нерӯи барқро аз соати 5 то 10 медоданд, чунки дар ин вактҳо ҳама ба он ниёз доранд. Ёдрас мешавем, ки аз охирҳои моҳи январ то ба инҷониб сокинон субҳона аз соати 4 то 8 ва шомгоҳон аз соати 13 то 22 бо нерӯи барқ таъмин карда мешуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






