ЛОИҲАИ СОХТМОНИ ХАТТИ БАРҚ (ЛЕП) ТАҒЙИР ЁФТ

Февраль 9, 2010 11:45

Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи шартномаи сохтмони хатти нерӯи барқ (ЛЭП) миёни ШСҲ «Барқи тоҷик» ва ташкилотҳои пудратчии ватанӣ ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки моҳи ноябри соли 2009 ба сохтмони он оғоз бахшида шуда буд, барои   тезонидани кор бо ширкатҳои сохтмонии Ҳиндустон низ шартнома баста шудааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ лоиҳаи сохтмони хатти 220 киловолтаи «Сангтӯда — 1» то сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо дарозии 118 км ба андозаи 40 фоиз иҷро гардида, 126 сутунҳои такягоҳии хатти барқ шинонда шудааст. Ҳамчунн 80 фоизи таҳкурсии  сутунҳои такягоҳӣ то сарҳади Тоҷикистону Афғонистон гузошта шудааст. Тибқи шартнома сохтмони лоиҳаи мазкур бояд то моҳи ноябри соли 2010 дар ҳудуди Тоҷикистон ба охир расонида мешуд, аммо бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати энергетика ва саноат  ҷадвали сохтмони хатти  нерӯи барқ тагйир дода шуд ва он бояд то моҳи майи соли ҷорӣ мавриди истифода қарор  гирад ва агар дар ҳудуди давлати Афғонистон корҳо низ чунин сурат гиранд, моҳи май  барқи Тоҷикистон   то шаҳри Қундуз ва Пули Хумрии ҶИА интиқол дода мешавад,- иброз доштанд дар ҶСХ «Барқи тоҷик».

Февраль 9, 2010 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд