МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ 5,2 ФОИЗ АФЗУД
Душанбе, 25 феврал, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 139, 9 миллион сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 5,2 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 0,5 млн.сомонӣ ё 2,1 фоиз ва чорводорӣ 139,4 млн. сомонӣ ё ба андозаи 5, 2 фоиз афзудааст. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳама сохторҳои хоҷагиҳои вилояти Суғд 58,2 млн. сомонӣ, вилояти Хатлон 48,0 млн., ВМКБ – 2,4 млн. ва НТҶ – 31,3 млн. сомониро ташкил намуд, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 3,6, -8,2, 9,9 ва 3,3 фоиз зиёд аст.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






