МАҶАЛАИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар шаҳри Душанбе аввалин шумораи маҷаллаи “ЭЛИТА” муаррифӣ шуд. Маҷаллаи мустақили таҳлилӣ аст ва ба забони тоҷикӣ ба нашр мерасад. Дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» муассис ва сардабири маҷаллаи таҳлилии «Элита» Далери Ғуфрон гуфт, ки маънои вожаи “ЭЛИТА” “саромадон” аст. — Воқеият ин аст, ки имрўз васоити ахбори омма рисолат ва мавқеи беш аз як расонаеро касб кардаанд, дар баробари фазои иттиллоотӣ, фазои сиёсиро низ муайян менамоянд, сиёсати давлатро тақвият медиҳанд ё баръакс камранг мегардонанд, ҳатто муносибатҳои кишварҳоро таъин мекунанд, тиҷоратро рушд ва гоҳо, таназзул медиҳанд. Бо назрдошти ин нукта, аввалин фикре, ки ҳангоми таҳияи маҷаллаи «ЭЛИТА» дар зеҳни мо пайдо шуд, ба вуҷуд овардани «Минбари ҳамоҳангсози рушди миллӣ» буд. Зеро алҳол Тоҷикистон дар марҳалаи рудши миллӣ қарор дорад. Худи оғози сохтмони Нерўгоҳи барқӣ-обии Роғунро метавон қадами воқеӣ дар ин самт ном бурд, — иброз дошт Д. Ғуфрон. Дар маросими муаррифии нахустин шумораи ин маҷалла, Сайфуллоҳ Сафаров, — муовини директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акбаралӣ Сатторов, — раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ва иддаи зиёде аз рӯзноманигорон ва сардабирони нашрияҳо суханронӣ карда ва оғоз ба нашри маҷаллаи “ЭЛИТА”-ро рӯйдоди муҳим дар матбуоти Тоҷикистон унвон карданд. Дар шумораи аввали ин маҷалла матолибе аз қабили “Насли нави элитаи тоҷик”, “Бозгашти Давлати Усмон”, “Рейтинги бонкҳои Тоҷикистон”, “Рози дили Хайринисо Юсуфӣ”, “Зойиров ва сагони вафодори ӯ” ва “”Камарбанди сиёҳ”-и Бег Зуҳуров” чоп шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






