МАБЛАҒИ ИНТИҚОЛИ ПУЛ МЕАФЗОЯД

Февраль 10, 2010 14:37

Душанбе,  10  феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). —  Мувофиқи  маълумоти  Бонки  миллии  Тоҷикистон, коргарони  муҳоҷир  дар  давоми   моҳи  аввали  соли  2010   ба  воситаи  бонкҳои  тиҷоратӣ  ба  вилояти  Суғд  28,9  миллион  доллари  ИМА  фиристодаанд.  Ин  нисбат ба   моҳи  январи  соли  2009 – ум  200  ҳазор  доллар  зиёд  мебошад. Моҳи  январи соли  гузашта  ба  вилояти Суғд  аз  хориҷи  кишвар  28,7 миллион  доллари  ИМА  фиристода шуда буд. Мухбири  АМИТ «Ховар» ёдовар  мешавад, ки   коргарони  муҳоҷири  вилояти  Суғд  соли  2009 — ум  554  миллион  доллари  ИМА  фиристода  буданд.

Февраль 10, 2010 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд