МАБЛАҒИ ПАТЕНТ АЗ КИСАИ НОЗИРИ АНДОЗ ГИРИФТА ШУД
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, шаҳрванди шаҳри Хуҷанд бо аризаи даъвогӣ ба Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд муроҷиат кард, ки нозири андози Нозироти андози шаҳри Хуҷанд Султон Зарипов аз ӯ бо сабаби бе патент ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан, ҳуҷҷатҳои ронандагиашро гирифта, барои бозгардонидани ин ҳуҷҷатҳо 200 сомонӣ талаб намудааст. Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — тафтишотӣ С. Зарипов ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 200 сомонӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуд. Парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 319 қ.1 (аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ва ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора)- и КҶҶТ аз болои С. Зарипов парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, баъди тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






