МАКТУБИ Ш.МИРЗИЁЕВ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОНРО МУТТАҲИДТАР КАРД
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Мактуби сарвазири Ӯзбакистон Ш.Мирзиёев, бо мақсади ба гумроҳӣ андохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ ва халал расонидан ба сохтмони Нерӯгоҳи барқӣ — обии Роғун дар рӯзномаи ҳукуматии Ӯзбакистон «Правда Востока» нашр шуда буд, баръакси чашмдошти таҳиягарони ин мактуби беасос мардуми баору номус ва шарафманди Тоҷикистонро дар атрофи ғояи бунёди ин иншооти тақдирсоз беш аз пештара муттаҳид сохт. Тавре аз маълумоти пешниҳодкардаи шӯъбаҳои хизматрасонии «Амонатбонк» бармеояд, баъди дар расонаҳои хабарӣ интишор ёфтани мактуби Ш.Мирзиёев шумораи харидорони саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун даҳҳо маротиба зиёд шуд. Чунончӣ, рӯзи 5 феврал танҳо тавассути сохторҳои маҳаллии «Амонатбонк» то соати 16 ба маблағи 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ саҳмияҳо харидорӣ шуданд, ки нисбат ба рӯзи 3 феврал 700 ҳазор ва рӯзи 4 феврал 200 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон хуб дарк намудааст, ки Нерӯгоҳи Роғун ҳаёту мамоти Ватани азизу соҳибистиқлоли мо аст. Аз ин рӯ як гурӯҳ донишҷӯёни факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ саҳмия хариданд, ҳамчунин муаллимони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 10-и ш.Душанбе бо 5100 сомонӣ соҳиби сертификати номии саҳмия шуданд. Ҳар як фарди босавод ва огоҳ хуб медонад, ки нерӯгоҳи барқӣ-обӣ обро ҳаргиз фурӯ намебарад ва аз кори он ҳаҷми об кам намешавад. Дигар ин ки, дар поёноби НБО — и Роғун нерӯгоҳҳои Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сарбанд ва чанди дигар бо истифода аз оби рӯди Вахш фаъолият мекунанд. Бинобар ҳамин обро дар обанбори Нерӯгоҳи барқи обии Роғун боздошта намешавад, зеро дар ин ҳолат ҳамаи нерӯгоҳҳои зикршуда аз фаъолият бозмемонанд. Набояд фаромӯш кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор аз минбарҳои олии сатҳи байналхалқӣ ва минтақавӣ ошкору равшан баён намуданд: «Мо ҳаргиз ҳамсоягони худро беоб намемонем, зеро ин мухолифи фарҳанги волои тоҷикон ва одоби ҳамсоягӣ хоҳад буд». Аз ин хотир беҳтар аст, ки Ӯзбакистон ба ҷой монеъ шудан ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати ҳамкорӣ ва ҳусни ҳамсоягиро пеш бигирад.








«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






