МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ АФСАРОНИ ҶАВОН
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар арафаи иди 85 – солагии милисаи мамлакат дар майдони «Дӯстӣ» маросими савгандёдкунии кормандони ҷавони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар маросими мазкур вазири корҳои дохилии мамлакат, генерал – лейтенанти милиса Абдураҳим Қаҳҳоров иштирок дошт. Ҳамон рӯз ба дастаи милисаи таъиноти махсус, ротаи махсуси милиса ва артиши дохилии ВКД ҷумҳурӣ 100 нафар афсари ҷавон шомил гардид. Дар фарҷоми он маросими расми гузашти ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз дафтари матбуоти ВКД ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки иди касбии кормандони милиса рӯзи 6 феврал дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат муташаккилона ва ботантана гузашт. Теъдоди хеле зиёди кормандони милиса рӯзҳои таҷлили иди касбиашон кор карда, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми калон гузоштанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






