МУАССИСАҲОИ БУҶАВӢ ЧАНД СОАТ БО НЕРӮИ БАРҚ ТАЪМИН МЕШАВАНД?

Февраль 8, 2010 17:30

     Душанбе, 8 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади  истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор, инчунин самаранок истифодабарии вақти корӣ дар тамоми муассисаҳои буҷавии дорои реҷаи кории якбастаи муқими шаҳр муддати як моҳ интиқоли нерӯи  барқ аз соати 6-30 –и субҳ то 19-00 –и шом таъмин карда мешавад. Дар ин хусус аз хадамоти матбуотии Раиси шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.          Бо ин мақсад Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки 8 феврал баргузор шуд,  ба масъулини ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе» супориш дод, ки ибтидо аз иншооти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои Душанбе дар мӯҳлати як моҳ татбиқи муқаррароти мазкурро барои кулли корхонаҳои буҷавии дар ҳудуди пойтахт қарор дошта,  амалӣ созад.       

Февраль 8, 2010 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд