МУБОРИЗАИ ЖУРНАЛИСТОНИ СУҒД
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раёсати созмони журналистони вилояти Суғд дар байни рӯзноманигорон озмуни вилоятии ба номи Ҳоҷӣ Содиқро, ки ҳамасола дар арафаи Рӯзи матбуот — 11-март ҷамъбаст мегардад, эълон намуд. Барои дарёфти ҷоизаи мазкур аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки на камтар аз 5 соли собиқаи узвият доранд ва дар вилоят Суғд истиқомат мекунанд, метавонанд иштирок намоянд. Барои соҳибӣ ба ҷоизаи мазкур довталаб бояд ҳадди аққал 10 адад маводи дар давоми соли 2009 дар жанрҳои мухталифи журналистӣ доир ба мавзӯи мубрами рӯз дар матбуоти даврии қаламрави Суғд чоп гардида ё тавассути радио шунавонида шудаанд, пешниҳод намояд. Довталабон метавонанд барои дарёфти ҷоизаи мазкур то 1-март ба созмони ибтидоӣ, ки узви он ҳастанд, муроҷиат кунанд. Барандаи ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ бо дипломи раёсати созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






