МУЛОҚОТИ Қ. РАСУЛЗОДА БО НАМОЯНДАГОНИ ШАҲРИ ТАБОШАР

Февраль 8, 2010 12:21

 Душанбе,  8 феврал. (АМИТ «Ховар»,  Сановбар  Мақсудова). – Раиси  вилояти  Суғд  Қоҳир  Расулзода  5  феврал  дар  шаҳри Табошар бо  36  нафар  сокинони  ин  шаҳр  мулоқот  кард.  Зимни  мулоқот  масъалаҳои  ташкили  ҷойҳои нави  кор,  беҳтар  сохтани  шароити манзил,  тақсими қитъаҳои  замин  барои сохтани   манзил, тармими  баъзе  муассисаҳои  маориф,  тандурустӣ  ва  фарҳанг  муҳокима  шуданд.    Қ.Расулзода  ва  роҳбарони ташкилоту муассисаҳои  вилоятӣ  супориш  дод, ки  проблемаҳои дар  аризаю  шикоятҳои  сокинони  маҳаллӣ пешниҳодшударо   сари  вақт  ҳал  карда, аз  натиҷаи  онҳо  ба  роҳбарияти  вилоят  маълумот  диҳанд. Раиси  вилоят   баъди  чошти  ҳамон рӯз  бо  аъзои  гурӯҳи  корӣ  мулоқот  кард, ки  аз  ҷумлаи  кормандони  мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ   ва  роҳбарони   корхонаю  ташкилотҳои  калонтарин  ташкил  ёфта  буд. Раиси  шаҳри  Табошар  Зуфар  Исмоилов  дар  бораи   вазъияти  иҷтимоию  иқтисодӣ  ва  проблемаҳои  мавҷуда  ҳисобот  дод. Қ.Расулзода таъкид  намуд, ки  бисёр  проблемаҳоро  бевосита  дар  маҳалҳо бо  дахолати   мақомоти  маҳаллӣ  ҳал  кардан  мумкин  аст. Аз  ҷумла,  барои  харидани  масолеҳи  сохтмон  бо  мақсади  тармими   муассисаҳои  маориф, тандурустӣ  ва  фарҳанг  аз  ҳисоби буҷети  вилоят  маблағи  иловагӣ  ҷудо  карда  мешавад. Вазорати  хоҷагии манзил  ва   коммуналии  ҷумҳурӣ  барои таъминоти  об  маблағ ҷудо  менамояд. Барои  барқарор  сохтани  системаи  кӯҳнашудаи таъминоти об   созмонҳои  байналхалқии  молиявиро  ҷалб  намудан мумкин аст,  гуфт Қ.Расулзода.  Вай  қайд  кард, ки  ояндаи  наздик   аз  ҳисоби  заминҳои  чарогоҳи  ноҳияи ҳамсояи Бобоҷон  Ғафуров  барои  сохтмони  манзил  10  гектар  замин  ҷудо  карда  хоҳад  шуд.  Дар  фарҷоми  мулоқот  таъкид  шуд, ки  ташкили  қабули  шаҳрвандон,  ба  инобат  гирифтани  мушкилоти  зиндагии онҳо  ва  ҳалли проблемаҳои  мавҷуда вазифаи  асосии  ҳар  як  роҳбари  шаҳру  ноҳияҳо ба  шумор  меравад.  Мухбири  АМИТ «Ховар»  зикр  мекунад, ки  шаҳри  Табошар  соли  1938  ташкил  ёфта,  45  километр  дуртар  аз  маркази  вилоят  воқеъ  гардидааст ва  дар он  13 ҳазору  314   нафар  зиндагӣ  мекунад. Аз  ин  ҷумла, 1580  нафар  дар  корхонаҳои давлатию  хусусӣ, 367  нафар  дар корхонаи  давлатии «Заря Востока» кор  мекунанд.  1145  нафар   сокини  шаҳр  нафақахӯр ва 114  нафари   дигар  бекор  мебошанд.

Февраль 8, 2010 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад