МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО ХИЛЛАРИ КЛИНТОН
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Тавре хабар дода шуда буд, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии мамлакат Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар машваратҳои сиёсии дуҷониба дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дорад. Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ 12 феврал дар доираи сафар бо Котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, таъмини шароити мусоид барои сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, эҳтироми ҳуқуқи инсон, таъмини амнияти сарҳадҳо, мубориза ба муқобили хариду фурӯшии ғайриқонунии маводи нашъадор ва терроризми байналмилалӣ муҳокима шуданд. Мусоҳибон ба муҳокимаи проблемаҳои Афғонистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд. Қайд карда шуд, ки рушди муносибатҳои дӯстона ва тӯлонию самарабахши Тоҷикистону ИМА пеш аз ҳама ба манфиати ҳар ду давлат буда, баъдан ба таҳкими сулҳу амнияти минтақа ва саросари ҷаҳон мусоидат менамояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






