МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО САФИРОНИ МАМЛАКАТҲОИ АВРУПО

Февраль 28, 2010 14:00

           Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ 27 феврал бо сафирони Британияи Кабир Тревор Мур, Ҷумҳурии Федероли Олмон Дорис Хертрампф ва Ҷумҳурии Фаронса Энри Зиппер де Фабиани мулоқот кард.             Зимни мулоқот силсилаи масъалаҳои марбут ба ҳамкории бисёрҷониба муҳокима шуданд.            Қайд карда шуд, ки ҳамкории сиёсию иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, иҷрои барномаҳои марбут ба истифодаи захираҳои обу энергетика, нақлиёт ва беҳтар сохтани вазъияти Афғонистон самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Аврупо мебошанд.          Иштирокчиёни мулоқот ба масъалаҳои таъмини сулҳу субот ва дастгирии Афғонистон бо истифода аз имкониятҳои транзитӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон диққати махсус доданд.             Аз дафтари матбуоти ВКХ ҷумҳурӣ хабар доданд, ки мусоҳибон роҷеъ ба ҳамкории минтақавӣ ва масъалаҳои дигари мавриди назарош изҳори ақида намуданд.

Февраль 28, 2010 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд