МУЛОҚОТИ ДУЮМИ НАМОЯНДАГОНИ ВКХ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 17 феврал дар шаҳри Алмаато мулоқоти дуюми ҳарсолаи муовинони вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Мулоқоти мазкурро Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунандаи СММ ташкил намуд. Аз Тоҷикистон дар мулоқот муовини вазири корҳои хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров иштирок намуд. Иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкории минтақавӣ ва мусоидати Маркази минтақавии СММ –ро дар пешгирии таҳдидҳои халалдор сохтани суботи вазъият ва рушди устувори минтақа муҳокима намуданд. Аз ҷумла, ташаббусҳои марбут ба пурзӯр намудани мубориза ба муқобили ҷиноятҳои байналмилалӣ, мӯътадил сохтани вазъияти Афғонистон, истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика, таъмини амнияти экологӣ ва натиҷаҳои фаъолияти Маркази минтақавии СММ дар соли 2009 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






