МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АРТИС ПАБРИКС

Февраль 25, 2010 12:58

25 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро, ки бо сарварии Артис Пабрикс барои мушоҳидаи  рафти интихоботи парлумон ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ шуд. «Тоҷикистон чун узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштироки нозирони ин ва  дигар созмонҳои байналмилалию минтақавиро дар интихобот хуш истиқбол мегирад, зеро ин ба озоду шаффоф ва демократӣ гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мусоидат мекунад», — изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Аз рафти маъракаҳои тарѓиботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида, истифода аз воситаҳои ахбори умум ва риояи қонунгузорӣ дар маҷмўъ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки то имрўз ягон шикояти ҷиддӣ дар бораи вайронкунии қонунгузории интихобот, ки ба демократию шаффоф гузаштани ин маърака монеа эҷод кунад, ба қайд гирифта нашудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки «ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст бо ҳар номзад ва ҳизби сиёсӣ, ки бо иродаи мардум интихоб мешавад, ҳамкории созанда дошта бошад». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Февраль 25, 2010 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад