МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АРТИС ПАБРИКС
25 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро, ки бо сарварии Артис Пабрикс барои мушоҳидаи рафти интихоботи парлумон ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ ба Тоҷикистон омадаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баррасӣ шуд. «Тоҷикистон чун узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштироки нозирони ин ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавиро дар интихобот хуш истиқбол мегирад, зеро ин ба озоду шаффоф ва демократӣ гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ мусоидат мекунад», — изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Аз рафти маъракаҳои тарѓиботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида, истифода аз воситаҳои ахбори умум ва риояи қонунгузорӣ дар маҷмўъ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки то имрўз ягон шикояти ҷиддӣ дар бораи вайронкунии қонунгузории интихобот, ки ба демократию шаффоф гузаштани ин маърака монеа эҷод кунад, ба қайд гирифта нашудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки «ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст бо ҳар номзад ва ҳизби сиёсӣ, ки бо иродаи мардум интихоб мешавад, ҳамкории созанда дошта бошад». Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






