МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РИЧАРД ҲОЛБРУК

Февраль 22, 2010 08:23

20 феврали соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрукро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои сершумори Тоҷикистон оид ба мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт: «Тоҷикистон хоҳони сулҳи пойдор дар саросари Афғонистон ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии ин ҳамсояи наздики худ аст». Ричард ҳолбрук нахуст дуруду паёми Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама ва Котиби давлатии Амрико Ҳиллари Клинтонро  ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, ба талошҳои Тоҷикистон баҳри таҳкими эътидолу субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан барои мусоидати фаъол ба нерўҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон баҳои баланд дод ва аз номи ҳукумати кишвараш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Сарвари давлат арзи сипос намуд. Ў ҳамчунин изҳор дошт: «Тоҷикистон бо муштаракоти зиёди фарҳангию таърихӣ ва робитаҳои мустаҳкамаш бо Афғонистон метавонад дар барқарорсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёти ин кишвар нақши бузург дошта бошад». Гуфтугўйи судманд оид ба роҳҳои барқарорсозии эътидоли сиёсию иҷтимоӣ дар Афғонистон, таҳкими сохторҳои идораи давлатии он ва мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт. Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба сохтмони роҳу пулҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ миёни Тоҷикистону Афғонистон зоҳир карда шуд. Мусоҳибон ҳамчунин оид ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Февраль 22, 2010 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст