НАҚЛИЁТИ КӮҲНА БА МУЗОФОТ

Февраль 11, 2010 09:27

Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олимҷон Бобоев, истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ баъди даҳ соли истифодабарӣ ва аз навтаъмиркунӣ ба музофот,  ба он ҷое, ки нарасидани нақлиёти мусофирбар эҳсос мешавад, интиқол меёбад. Аммо мавсуф маблағи нақлиёти ҷамъиятӣ, ки барои истифодаи умум дар  шаҳр   нолозим ва барои сокинони музофот зарур   аз тарафи кӣ   пардохт мегардад , чизе нагуфт. Вазир ҳамчунин оид ба истифодаи нақлиёти шахсӣ дар шаҳр иброз намуд, ки қисман кам кардани он дар назар аст. Дар шаҳр барои ба истилоҳ «пробка» — тамба  нашудани воситаи нақлиёти мусофирбар чораҳои зарурӣ андешида мешавад.Пеш аз ҳама ҳаракат дар хатсайрҳо тағйир дода хоҳад шуд. Ба гу фти вазир, айни замон дар ҷумҳурӣ 320 ҳазор воситаи нақлиёти шахсию ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 46 ҳазорашро нақлиёти шахсию чамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ташкил медиҳад. — Соли ҷорӣ ҳамчунин таҷдиди шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат оғоз меёбад,- иброз дошт вазир.

Февраль 11, 2010 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд