НОКОМӢ ДАР ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ – БИШКЕК

Февраль 24, 2010 11:10

Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сафарҳои ғаразноки шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз Душанбе ба самтҳои дигари хориҷи кишвар анҷом меёбанд, дар бисёр маврид ба нокомӣ мерасанд, — иброз доштанд дар гумруки майдони ҳавоии пойтахт ба мухбири АМИТ «Ховар». Бо вуҷуди он ки дар давоми солҳои охир чандин шаҳрвандони хориҷӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар хатсайрҳои ҳавоию роҳи оҳан ва нақлиётӣ боркашонӣ дар самти ҳаракати Душанбе ва хориҷи он дастгир шуда, паси панҷара мешинанд, аммо кам  шахсоне ёфт мешавад, ки аз ин дарси ибрат гирифта бошанд. Ҳафтаи сипаришуда,  бори аввал дар хатсайри Душанбе – Бишкек як шаҳрванди Федератсияи Русия ва ду шаҳрванди Литва бо 5 кило маводи нашъаовар дастгир шуданд. Оид ба ин  воқеаи дар майдони ҳавоии   Душанбе рух дода парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, алоқаи байни нашъаҷаллобон тафтиш карда мешавад.

Февраль 24, 2010 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад