ОЛИМИ ЗАБОНШИНОС АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ

Февраль 8, 2010 12:05

Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова) —   6 феврал  дар ш.Маскав дар синни 74 солагӣ олими шинохтаи тоҷик-забоншинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳрам Файзов аз олам даргузашт. Маҳрам Файзов яке аз ташкилкунандагони Донишгоҳи санъати Тоҷикистон буда, роҳбарии ин Донишгоҳро ба ӯҳда доштанд. Ӯ ҳамчунин сарвари Кумитаи истилоҳоти назди Академияи улуми Тоҷикистон буд, дар Донишкадаи санъат аз фанни нутқи саҳнавӣ сабақ медоданд. Маҳрам Файзов то рӯзҳои вопасини ҳаёт дар Донишкадаи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон ба фаъолияти илмиву омӯзгорӣ машғул буда, муаллифи даҳҳо рисола ва мақолаҳои илмӣ доир ба саҳвиёт (фонетика) — и забони тоҷикӣ, хусусиятҳои забони рӯшонӣ, тарзи талаффузи адабии забони тоҷикӣ мебошанд. Дар ҳамоишҳои байналмилалӣ оид ба забон ҳамчунин мутахассиси соҳа баромад кардааст. 7 феврал ҷанозаи устод Маҳрам Файзов дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон баргузор гардид.  

Февраль 8, 2010 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд