ОВОЗДИҲӢ БАРОИ ОЯНДАИ НЕКИ МАМЛАКАТ

Февраль 28, 2010 13:18

        Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Субҳи имрӯз овоздиҳӣ дар қитъаҳои интихоботии рақамҳои 17 ва 18 ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар мактаби миёнаи рақами 24 воқеанд, муташаккилона оғоз ёфт.       Раиси қитъаи интихоботии рақами 17 , директори мактаби миёнаи рақами 24 Ҳалима Саидалиева гуфт, ки дар ин ҷо 2352 интихобкунанда овоз медиҳад. Вай зикр намуд, ки овоздиҳӣ комилан мувофиқи қонунгузории миллии интихобот оғоз ёфт ва дар ҷараёни он ягон камбудию қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашуд. Дар мактаби мазкур то соати 9 – у 50 дақиқа бештар аз 450 нафар овоз дод, ки қариб 30 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳанд.       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар қитъаи интихоботии рақами 18 – ум 2080 интихобкунанда ба қайд гирифта шудааст. Раиси қитъаи интихоботӣ, муовини директори мактаб Лола Авезова изҳор намуд, ки то соати 10 дар ин ҷо 499 нафар овоз дод.       Ҷараёни интихоботро дар ин қитъаҳои интихоботӣ намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ назорат мекунанд.       Намояндаи Ҳизби халқии демократӣ Тоҷиддин Қурбонов зикр намуд, ки одамон субҳи барвақт бо рӯҳияи идона ба қитъаҳои овоздиҳӣ меоянд. Интихобот барои аксарияти онҳо ба маънои томаш ид мебошад. Баъзеҳо ҳатто шикоят мекунанд, ки маъракаи овоздиҳӣ бе ягон тантана ва мусиқӣ давом дорад.      Намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ Аргулон Алиева изҳор намуд, ки қисмати бештари интихобкунандагон ҷавононанд. Ҳамаи онҳо дар интихобот бо рӯҳияи баланд ширкат меварзанд. Дар ҷараёни овоздиҳӣ ягон бетартибӣ ва вазъияти муташанниҷ ба қайд гирифта намешавад. Ҳамаи шаҳрвандон номзадҳои арзандаи худро сарбаландона интихоб менамоянд. 

Февраль 28, 2010 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад