ОВОЗДИҲӢ ДАР ВИЛОЯТИ ЧЕЛЯБИНСК
Маскав, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Ҳукумати вилояти Челябинск ва маъмурияти шаҳри Челябинск бо хоҳиши сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба муташаккилона гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин ҷо аз 25 то 27 феврал коргарони муҳоҷири тоҷик пеш аз мӯҳлат овоз доданд. Рӯзномаи «Южноуралская панорама» хабар дод, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар интихобот фаъолона иштирок намуданд. Раиси Шӯрои шӯъбаи минтақавии Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази миллии фарҳангии тоҷикони вилояти Челябинск – Сомониён» Исломуддин Раҷабов хабар дод, ки айни ҳол дар вилояти Челябинск қариб 20 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад. Тибқи хабарҳои расида, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Новокузнецк кору зиндагӣ мекунанд, дирӯз, 27 феврал пеш аз мӯҳлат дар интихобот ширкат варзиданд. Раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Нижегород «Умед» Мутрибшо Мирзоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Нижный Новгород низ муташаккилона ва бе ягон камбудӣ гузашт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






