ОВОЗДИҲӢ ДАР ВИЛОЯТИ ЧЕЛЯБИНСК

Февраль 28, 2010 11:11

Маскав,  28  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Ҳалима  Хушқадамова). – Ҳукумати  вилояти  Челябинск  ва  маъмурияти  шаҳри  Челябинск  бо  хоҳиши   сафири  фавқулодда  ва  мухтори  Ҷумҳурии   Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  ба  муташаккилона   гузаронидани   интихоботи  вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мусоидат  намуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки дар  ин  ҷо  аз  25 то  27  феврал  коргарони  муҳоҷири тоҷик  пеш  аз  мӯҳлат  овоз  доданд.   Рӯзномаи «Южноуралская  панорама»  хабар дод, ки  коргарони  муҳоҷири  тоҷик  дар  интихобот  фаъолона  иштирок намуданд. Раиси  Шӯрои  шӯъбаи  минтақавии  Иттиҳодияи  ҷамъиятии  «Маркази   миллии  фарҳангии  тоҷикони  вилояти Челябинск – Сомониён» Исломуддин  Раҷабов  хабар  дод, ки  айни  ҳол  дар  вилояти  Челябинск  қариб  20  ҳазор  шаҳрванди  Тоҷикистон  кору  зиндагӣ  мекунад. Тибқи   хабарҳои расида,  шаҳрвандони  Тоҷикистон,  ки дар  шаҳри Новокузнецк  кору  зиндагӣ  мекунанд,  дирӯз, 27  феврал   пеш  аз  мӯҳлат  дар  интихобот  ширкат  варзиданд. Раиси   Ҷамъияти  тоҷикони  вилояти   Нижегород «Умед» Мутрибшо  Мирзоев  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  интихоботи  вакилони   Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  вилояти Нижный  Новгород  низ  муташаккилона  ва   бе  ягон  камбудӣ  гузашт.

Февраль 28, 2010 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд