ОВОЗХОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ИТАЛИЯ МЕРАВАД
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз 21 то 25 апрели соли равон дар шаҳри Сан – Ремои Италия озмуни байналмилалии овозхонони наврас баргузор мегардад. Ба ин озмун овозхони 12 – солаи тоҷик Шоҳрух Юнусов низ даъват шудааст. Ш.Юнусов дар озмуни мазкур ду сурудро иҷро хоҳад кард. Яке аз ин сурудҳо ба забони итолиёӣ буда, суруди дигар «Республикаи ман» ном дорад. Бояд гуфт, ки Ш. Юнусов ҳар дуи ин сурудҳоро дар озмунҳои дигари минтақавию байналхалқӣ иҷро намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардидааст. Ӯ, аз ҷумла соли 2008 дар озмуни байналмилалии овозхонони навраси «Донак» ширкат варзида, соҳиби ҷоизаи асосии он шуда буд. Ҳамон сол Ш.Юнусов дар шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Русская песня» ширкат варзида, ғолиби он гардид. Озмуни мазкурро Консулхонаи генералии Русия ташкил карда буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






