ОЁ БУНЁДИ НБО РОҒУН ЗАРАРОВАР АСТ?
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Мувофиқи пешгӯии созмонҳои байналмилалии омӯзиш ва тадқиқ, дар ояндаи наздиктарин талаботи аҳли башар на танҳо ба маводи сӯхт ва газ, ҳамчунин ба об ба таври рӯзафзун зиёд мешавад. Тавре коршиноси мустақили давлатҳои ИДМ Игорь Кирсанов қайд мекунад, норасоии об, метавонад мавриди ташвиши ҷиддии ҷаҳони муосир ва боиси бархӯрди тамаддунҳо шавад. Тоҷикистон ва Қирғизистон мувофиқи мавқеи географӣ дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати захираҳои обӣ сарватманд буда, дар саргаҳи ҳавзаи обии Амӯдарё (Тоҷикистон) ва саргаҳи ҳавзаи обии Сирдарё (Қирғизистон) қарор доранд. Мувофиқи ҳисоби мутахассисон дарозии Амударё 2540 километрро ташкил дода, майдони умумии ҳавзаи он 309 ҳазор км.мураббаъ мебошад. 74 фоизи ҷараёни оби Амударё дар ҳудуди Тоҷикистон, 13,9 фоизи он дар ҳудуди Афғонистон ва 8,5 фоиз дар Ӯзбакистон ҷамъ меоянд. Дарозии Сирдарё бошад, 3019 км. буда, майдони умумии ҳавза аз 219 ҳазор км.мураббаъ иборат мебошад. 75,2 фоизи ҷараёни он дар ҳудуди Қирғизистон, 15,2 фоиз дар ҳудуди Ӯзбакистон, 2,7 фоиз дар Тоҷикистон ҷамъ меоянд. Бояд гуфт, ки ҳам Амӯдарё ва ҳам Сирдарё дар кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ қисмати азими обҳои худро аз даст медиҳанд. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамчун шарикони боэътимод ва ҳамсояҳои боимон пурра хароҷоти нигаҳдории системаи обёрикуниро яктарафа ба ӯҳдаи худ гирифтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дучори ҷанги шаҳрвандӣ ва хисороти бузурги молиявӣ шуда буд, на танҳо ба ин системаи бузург маблағҳои зарурӣ дарёфт кард, балки онро дар ҳолати зарурӣ ва бехатарӣ нигоҳ дошта тавонист. Тавассути обанбори НБО Норак, 40 фоизи оби истифода шавандаи Ӯзбакистон ва Туркманистон дар давоми 18 сол танзим шуда, ройгон ба хоҷаги халқ ва саноати давлатҳои ҳамсояи Ӯзбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон интиқол меёбад. Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон бо мақсади қонеъ кардани талаботи дохилӣ ва содирот ба мамлакатҳои хориҷӣ, ният доранд захираҳои мавҷудаи обро истифода баранд. Аммо, тавре ба назар мерасад, давлатҳои ҳамсоя, ба хусус Ӯзбекистон талаб доранд, ки захираҳои обии Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо ва танҳо бо мақсади обрасонӣ ба кишварҳои поёноб истифода бурда шаванду тамом. Ҳол он ки дар назди роҳбарияти Тоҷикистон вазифаи бузург, яъне фароҳам овардани замина барои рушди саноати миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмин кардани сокинони мамлакат бо зиндагии шоиста ва ҷавобгӯи ҳазорсолаи сеюм истодааст. Маълум аст, ки иҷрои ин мақсадҳои наҷиб тавассути кӯмакҳои башардӯстона ва гранту қарзҳои имтиёзнок имконпазир нест. Гузашта аз ин, дар замони имрӯзаи рушди илм, инноватсия ва технологияи муосир худи давлатҳои абарқудрат ва дорои иқтисодиёти қавӣ ба бӯҳронҳои гуногуни молиявиву иқтисодӣ дучор шуда истоданд, мушкилиҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ин давлатҳо тамоюли зиёд шуданро доранд. Табиист, ки дар чунин ҳолат нигоҳ кардан ва интизор шудан ба кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ кори оқилона нест, балки истифодаи хирадмандонаи захираҳои обиву барқӣ, ягона роҳи дастрасӣ ба истиқлолияти комили кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Аз рӯи захираҳои обиву барқӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Иқтидори тахминии захираҳои обиву барқии мамлакат дар як сол зиёда аз 500 млрд.киловват соат дониста мешавад. Гузашта аз ин, 60 фоизи захираҳои оби ошомиданӣ дар пиряхҳои Тоҷикистон нуҳуфтаанд. Мувофиқи дурнамои Ҳукумати мамлакат дар дарёи Панҷ -шохоби асосии Амударё, бунёди 14 нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори аз 300 то 4000 МВт ва истеҳсоли 86,3 млрд.киловат-соат нерӯи барқ дар назар дошта шудааст. Эҳтимол меравад, ки то соли 2015 барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ безарар ба Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва Эрон интиқол дода шавад (8-10 млрд киловатт соат дар як сол). Бинобар ҷангҳои тӯлонӣ кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамагӣ 2 млрд. мукааб обро аз ҳавзаи Амударё истифода мебарад. Бо фароҳам омадани фазои сулҳу субот ин кишвари ҳамзабон ҳамасола 10 млрд.мукааб обро истифода хоҳад бурд. Бояд қайд кард, ки аз бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ягон кишвар зарар намебинад, баръакс пайдо шудани нерӯгоҳҳои барқи обӣ боиси пайдо шудани истеҳсолот, корхонаҳои нави саноатӣ, авҷ гирифтани маданияти шаҳрдорӣ, нест шудани бекорӣ, майзадагӣ, сади роҳи вуруд шудани фарҳанги бегона ба кишварҳои минтақа, нашъакорӣ ва нашъамандӣ мегардад. Бо амалӣ шудани барномаҳои гидроэнергетики Тоҷикистон ҳамаи халқу давлатҳо бурд карда, дар фазои ҳамзиштии осоишта зиндагӣ хоҳанд кард. Тавре, ки коршиноси мустақил Азим Абдусаттор мегӯяд: «даъвои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бобати гузаронидаи тахшиси байналмилалии сохтмони НБО Роғун, на танҳо беасос, балки барои Тоҷикистон зараровар мебошад. Бинобар ҳамин мутассаддиён бо сарварии Сарвазири мамлакат, мӯҳтарам Оқил Оқилов барои гузаронидани ташхиси сохтмони НБО Роғун ва дигар системаҳои обёрии кишварҳои ҳамсоя ҳаргиз розӣ нашаванд. Зеро дар сурати розӣ шудан ба ташхис мӯҳлат ва маблағ аз даст меравад, сохтмони НБО кашол ёфта, имконияти воқеъ шудани дигар ҳолатҳои ғайри чашмдошт ба миён меояд, ки ин дар навбати худ ба нафъи мухолифони НБО Роғун мебошад. Беҳтарин амале ки дар ин шабу рӯз ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пеш гирад, ин гирифтани пеши роҳи дарёи Вахш ва рехтани сарбанди Нерӯгоҳ мебошад». «Тавре, ки соли 1998 тамоми мардуми Тоҷикистон яктану якҷо давлати худро аз ҳуҷуми бегонагон ҳимоят карда буд, имрӯз низ вақти ҳимояи манфиатҳои миллат даррасидааст», — гуфт А.Абдусаттор.