ПАЙКАРАИ АДИБОНИ ТОҶИК ДАР ИНТЕРНЕТ
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кумитаи ҷумҳурии истилоҳоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ташкили пайкараи (корпуси) миллии забони тоҷикиро тарҳрезӣ ва бунёд кардаанд. Ин пайкара бар пояи на камтар аз 10 миллион вожаи матнҳои тоҷикӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилоъи созандагони пайкараи миллии забони тоҷикӣ дар он матнҳои гуногун, ки қариб ҳама паҳлӯҳои фаъолияти забони муосири тоҷикиро дарбар мегиранд, дохил карда мешаванд. Аз ҷумла, намунаи матнҳои осори маъруфтарин ва маҳбубтарин адибони классикии тоҷику форс, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Румӣ, насру назми жанрҳои гуногуни адабиёти муосир, маводҳои ҷолиби дар ВАО нашршуда, луғату фарҳангҳои маъруфи тоҷикӣ ва дузабона ҷойгир карда хоҳанд шуд. Гуфтанист, ки то имрӯз дар пайкараи миллии забони тоҷикӣ ашъори Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Лоиқ Шералӣ ҷой дода шуда, ҷойгиркунии «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






