ПАЙКАРАИ АДИБОНИ ТОҶИК ДАР ИНТЕРНЕТ

Февраль 10, 2010 08:28

Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кумитаи ҷумҳурии истилоҳоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ташкили пайкараи (корпуси) миллии забони тоҷикиро тарҳрезӣ ва бунёд кардаанд. Ин пайкара бар пояи на камтар аз 10 миллион вожаи матнҳои тоҷикӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба иттилоъи созандагони пайкараи миллии забони тоҷикӣ дар он матнҳои гуногун, ки қариб ҳама паҳлӯҳои фаъолияти забони муосири тоҷикиро дарбар мегиранд, дохил карда мешаванд. Аз ҷумла, намунаи матнҳои осори маъруфтарин ва маҳбубтарин адибони классикии тоҷику форс, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Румӣ, насру назми жанрҳои гуногуни адабиёти муосир, маводҳои ҷолиби дар  ВАО нашршуда, луғату фарҳангҳои маъруфи тоҷикӣ ва дузабона ҷойгир карда хоҳанд шуд.             Гуфтанист, ки то имрӯз дар пайкараи миллии забони тоҷикӣ ашъори Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Лоиқ Шералӣ ҷой дода шуда, ҷойгиркунии «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ идома дорад.

Февраль 10, 2010 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид