ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВАНКУВЕР БАРАФРОШТА ШУД

Февраль 12, 2010 16:19

Душанбе,  12  феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —  11 феврал  дар  деҳаи   олимпии  Вислери шаҳри  Ванкувери Канада  маросими  барафроштани  Парчами  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  гардид. Бояд  гуфт, ки  ҳайати  мамлакати мо  дар  ҳамин  деҳа  ҷой  дода шудааст. Муовини  раиси  Кумитаи  миллии  олимпии   ҷумҳурӣ  Ширинҷон  Мамадсафоев  аз Ванкувер ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  Парчами Тоҷикистонро варзишгари  24 —  солаи  Тоҷикистон  Алишер  Қудратов  барафрошт. Дар  ҷараёни  барафроштани  парчам  оҳанги  миллии Тоҷикистон  садо  дод.  Хабар  дода  шуд, ки  дар  маросими  мазкур  варзишгарон ва  намояндагони   мамлакатҳои  хориҷӣ  низ  иштирок  доштанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  аз  Тоҷикистон  дар  бозиҳои олимпии  зимистонаи  Ванкувер лижарони  32 – солаи тоҷик  Андрей  Дригин  иштирок  хоҳад  кард.

Февраль 12, 2010 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад