ПАЁМИ ТАБРИКИИ Э. РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶТ

Февраль 23, 2010 12:51

Паёми  табрикии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 2010   Мўҳтарам афсарону аскарон ва собиқадорони қувваҳои Мусаллаҳ!   Ҳамаи шуморо ба муносибати 17-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф — ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирии ?ар гуна хатару та?дид?о ва мубориза бар зидди онҳо, ки шарти асосии оромиву суботи давлат ва ҷомеа мебошад, комёбиҳо орзу менамоям. Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошанд, ки ҳанўз дар оғози ба истиқлол расидани кишвари азизамон таъсис гардида, роҳи хеле мушкилу сангини таърихиро тай карданд ва ҳоло қодиранд амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварро пурра таъмин намоянд. Мехоҳам махсус зикр намоям, ки маҳз ба шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарўзии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрўз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд. Дар шароити мураккаб ва зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, афзудани таҳдидҳои минтақавию умумиҷаҳонӣ, бахусус густариш ёфтани падидаҳои хатарноки терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ аз роҳбарон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти мудофиавии мамлакат тақозо мегардад, ки иҷрои вазифаҳои худро бо дарназардошти вазъи оперативии рўз ва бо дарки масъулияти баланд, зиракии сиёсӣ, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, иродаи қавӣ ва эҳсоси гарми ватандўстӣ таъмин намоянд. Зеро мардуми кишвар дар симои шумо — ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизатгарони сулҳу субот, пуштибонҳои боэътимоди адолату ростӣ ва амнияти ҷомеаро мебинанд ва бовар доранд, ки шумо ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Модар — Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода ҳастед. Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҹумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳои ҳарбӣ саломативу сарбаландӣ, рўзгори обод ва дар адои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо орзумандам. Идатон муборак, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!    

Февраль 23, 2010 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд