ПАЁМИ ТАБРИКИИ Э. РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶТ
Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 2010 Мўҳтарам афсарону аскарон ва собиқадорони қувваҳои Мусаллаҳ! Ҳамаи шуморо ба муносибати 17-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф — ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат, пешгирии ?ар гуна хатару та?дид?о ва мубориза бар зидди онҳо, ки шарти асосии оромиву суботи давлат ва ҷомеа мебошад, комёбиҳо орзу менамоям. Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошанд, ки ҳанўз дар оғози ба истиқлол расидани кишвари азизамон таъсис гардида, роҳи хеле мушкилу сангини таърихиро тай карданд ва ҳоло қодиранд амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми кишварро пурра таъмин намоянд. Мехоҳам махсус зикр намоям, ки маҳз ба шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарўзии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат имрўз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд. Дар шароити мураккаб ва зуд тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, афзудани таҳдидҳои минтақавию умумиҷаҳонӣ, бахусус густариш ёфтани падидаҳои хатарноки терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ аз роҳбарон ва хизматчиёни ҳарбии мақомоти мудофиавии мамлакат тақозо мегардад, ки иҷрои вазифаҳои худро бо дарназардошти вазъи оперативии рўз ва бо дарки масъулияти баланд, зиракии сиёсӣ, маҳорати касбӣ, интизоми қатъӣ, иродаи қавӣ ва эҳсоси гарми ватандўстӣ таъмин намоянд. Зеро мардуми кишвар дар симои шумо — ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизатгарони сулҳу субот, пуштибонҳои боэътимоди адолату ростӣ ва амнияти ҷомеаро мебинанд ва бовар доранд, ки шумо ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Модар — Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода ҳастед. Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҹумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳои ҳарбӣ саломативу сарбаландӣ, рўзгори обод ва дар адои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо орзумандам. Идатон муборак, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






