ПОРАГИРИ ИСТАРАВШАНӢ ДАСТГИР ШУД

Февраль 11, 2010 09:31

Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- шаҳрванд «О» ба Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд аз болои иҷрочии суди шаҳри Истаравшан Акмал Холов бо ариза муроҷиат карда навиштааст, ки А. Холбоев барои дароз намудани мӯҳлати иҷрои ҳалномаи суд оид ба кӯчонидан аз манзил ба сифати пора 2 ҳазор сомонӣ талаб намудааст. Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ рӯзи 15 – уми январи соли ҷорӣ А. Холбоев пас аз гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ дар утоқи кориаш,  воқеъ дар бинои суди шаҳри Истаравшан аз тарафи кормандони Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилоят Суғд дастгир карда шуд. Нисбати А. Холбоев бо моддаи 319 қ.1 (гирифтани пора) – и КҶҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода гардида, тафтишот бурда мешавад.

Февраль 11, 2010 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд