ПОРАГИРИ ИСТАРАВШАНӢ ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- шаҳрванд «О» ба Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд аз болои иҷрочии суди шаҳри Истаравшан Акмал Холов бо ариза муроҷиат карда навиштааст, ки А. Холбоев барои дароз намудани мӯҳлати иҷрои ҳалномаи суд оид ба кӯчонидан аз манзил ба сифати пора 2 ҳазор сомонӣ талаб намудааст. Дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ рӯзи 15 – уми январи соли ҷорӣ А. Холбоев пас аз гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ дар утоқи кориаш, воқеъ дар бинои суди шаҳри Истаравшан аз тарафи кормандони Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилоят Суғд дастгир карда шуд. Нисбати А. Холбоев бо моддаи 319 қ.1 (гирифтани пора) – и КҶҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода гардида, тафтишот бурда мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






