РӮШОНИҲО ГУЛҲОИ ФАРОМӮШШУДАРО ЭҲЁ МЕКУНАНД
Рӯшон, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Соли 2010 гранти Президентии Кумитаи кор бо занон ва оиларо ҷуроббофони ҷамоати деҳоти Басиди ноҳияи Рӯшон соҳиб шуданд. Ҳадафи ин грант комилан эҳё гардонидани касби ҷӯроббофӣ мебошад. Ҷӯроббофони ҷамоати Басиди водии Бартанг аҳд кардаанд, ки дар бофтани ҷӯробҳо беш аз 20 адад гулҳои зебое, ки дар садсолаи охир ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, эҳё кунанд. Мавриди зикр аст, ки занону духтарони водии Бартанги ноҳияи Рӯшон бо бофтани ҷӯробҳои зебои помирӣ дар саросари ҷумҳурӣ машҳур гардида, имрӯз растаи ҷӯробҳои помирӣ дар саросари бозорҳои ВМКБ дар дасти ҳамин ҳунармандон аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






