РАИСИ КИ ИДМ КАЙ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД?
Душанбе, 3 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шоми 3 феврал ҳайате аз нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ бо мақсади мушоҳида аз ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ба Душанбе меоянд. Дар ин хусус роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов иттилоъ дод. Ин ҳайат аз нозирони дарозмуддат иборат буда, то натиҷагирӣ аз ҷараёни баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Онҳо баъди гирифтани шаҳодатномаи нозирӣ бо масъулини Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ВАО дидору мулоқот менамоянд. Инчунин, ба ҳавзаю қитъаҳои интихоботии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар карда, бо ҷараёни омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ шинос мешаванд. Алҳол, дар Тоҷикистон ҳайати нозирони дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ба фаъолият шурӯъ кардааст. Ҳамзамон, ташрифи ҳайати нозирон аз Созмони Ҳамкории Шанхай дар назар аст. Интизор меравад, ки то рӯзҳои баргузории интихоботи парлумонӣ Раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ҳамчун роҳбари ҳайати нозирони ИДМ ба Душанбе меояд. Дар маҷмӯъ беш аз 150 нафар нозирони ИДМ ҷараёни баргузории интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон мушоҳида менамоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






