РОҲБАРИ НАВИ ФОНДИ БАЙНИДАВЛАТИИ ҲАМКОРИИ ГУМАНИТАРИИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Намояндаи Арманистон, профессор Армен Смбатян мудири иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ таъин гардид. Мавсуф қабл аз ин дар давоми 8 сол сафири Ҷумҳурии Арманистон дар Федератсияи Русия буд. А.Смбатян дар ин вазифа Татяна Бубноваро иваз кард. Армен Багратович Смбатян 17 ноябри соли 1954 дар шаҳри Ереван таваллуд шуда, соли 1980 факултаи фортепианои Консерваторияи давлатии Ереван ва соли 1981 факултаи композитсияи Консерваторияи давлатии Ереванро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1982 то соли 1987 директори генералии барномаҳои мусиқии Кумитаи давлатии радиою телевизионии Арманистон, аз соли 1995 то соли 2002 ректори Консерваторияи давлатии Ереван, аз соли 1996 то соли 1998 вазири фарҳанг, варзиш ва масъалаҳои ҷавонони Арманистон шуда кор кардааст. Ӯ соли 1997 раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкории Арманистон бо мамлакатҳои хориҷӣ таъин гардид. Мавсуф соли 2002 сафири фавқулодда ва мухтори Арманистон дар Русия таъин карда шуд. Соли 1987 ба ӯ унвони Арбоби шоистаи санъати Арманистон, соли 1992 унвони илмии профессор дода шуд. А.Смбатян соли 2001 бо фармони президенти Арманистон бо медали Мовсес Хоренатси мукофотонида шуд. Ӯ забонҳои русӣ ва англисиро медонад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






