САҲМИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГ ДАР СОХТМОНИ НБО «РОҒУН»

Февраль 17, 2010 15:11

Душанбе, 17  феврал. (АМИТ «Ховар»,Таҳмина  Ғоибназарова). —  Муассисаҳои  фарҳанги  ҷумҳурӣ  то  имрӯз  ба  ҳисоби  сохтмони  Нерӯгоҳи барқи обии  Роғун  5  миллиону 19  ҳазор  сомонӣ  гузарониданд.  Аз  ин  маблағ 1  миллиону  70  ҳазор  сомонӣ  ҳамчун  кӯмаки  бебозгашт  ба  ҳисоби  сохтмони нерӯгоҳ  гузаронида,  бо  маблағи боқимонда  саҳмияҳои  он  харида шуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  16  феврал дар  бинои  Вазорати  фарҳанг маъракаи  фурӯши   саҳмияҳои  НБО «Роғун»  баргузор  гардид.  Дирӯз  кормандони  Тсирки  давлатӣ,  Филармонияи  давлатӣ,  Театри  ҷавонони  ба номи  М.Воҳидов,   нашриётҳои  «Адиб», «Ирфон» ва «Маориф ва  фарҳанг»  саҳмияҳои   нерӯгоҳро  хариданд.  Умуман   дирӯз  ба  маблағи бештар  аз 100 ҳазор  сомонӣ  саҳмия  харида  шуд.  

Февраль 17, 2010 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад