САҲМИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГ ДАР СОХТМОНИ НБО «РОҒУН»
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар»,Таҳмина Ғоибназарова). — Муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ то имрӯз ба ҳисоби сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун 5 миллиону 19 ҳазор сомонӣ гузарониданд. Аз ин маблағ 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ ҳамчун кӯмаки бебозгашт ба ҳисоби сохтмони нерӯгоҳ гузаронида, бо маблағи боқимонда саҳмияҳои он харида шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки 16 феврал дар бинои Вазорати фарҳанг маъракаи фурӯши саҳмияҳои НБО «Роғун» баргузор гардид. Дирӯз кормандони Тсирки давлатӣ, Филармонияи давлатӣ, Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов, нашриётҳои «Адиб», «Ирфон» ва «Маориф ва фарҳанг» саҳмияҳои нерӯгоҳро хариданд. Умуман дирӯз ба маблағи бештар аз 100 ҳазор сомонӣ саҳмия харида шуд.








Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд






