САФАРИ ҲАЙАТИ БЕЛОРУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Аз сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Минск ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳайати Белорусия таҳти роҳбарии муовини вазири саноат Геннадий Свидерский 10 феврал барои боздиди чоррӯзаи корӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард. Дар бораи сафари мазкур моҳи ноябри соли 2009 зимни сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Белорусия ва мулоқоти ӯ бо Президенти ин мамлакат Александр Лукашенко паймон карда шуда буд. Ба ҳайат роҳбарон ва мутахассисони Палатаи савдо ва саноати Белорусия, ҷамъиятҳои саҳҳомии «БелАз», Корхонаи тракторсозии Минск, корхонаи мошинсозии Минск «МАЗ», ҷамъиятҳои саҳҳомии «Амкодор», «Лидселмаш», «Оршаагропроммаш», «Лидахлебопродукт», «Лидагропроммаш», «Белагромаш» ва ғайра шомиланд. Намояндагони Белорусия бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои ҳамкорӣ бо роҳбарияти вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва алоқа, энергетика ва саноат, кишоварзӣ, мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаи роҳи оҳани Тоҷикистон, шабакаи барқи Тоҷикистон, «Ориёнбонк», корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» ва соҳибкорону тоҷирон мулоқотҳо анҷом хоҳанд дод. Аз дафтари матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Минск хабар доданд, ки сафари мазкур ба вусъати ҳамкории корхонаю ширкатҳо ва хоҷагиҳои хар ду мамлакат мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






