САФАРИ ҲАЙАТИ БЕЛОРУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН

Февраль 8, 2010 11:22

Душанбе, 8  феврал. (АМИТ «Ховар»,  Наталя  Михайлова). —  Аз  сафоратхонаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Минск ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки  ҳайати Белорусия таҳти  роҳбарии  муовини  вазири  саноат  Геннадий Свидерский  10  феврал барои  боздиди  чоррӯзаи  корӣ  ба  Тоҷикистон  сафар  хоҳад  кард. Дар бораи  сафари  мазкур   моҳи  ноябри  соли  2009   зимни  сафари  Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Белорусия  ва  мулоқоти ӯ  бо  Президенти  ин  мамлакат  Александр  Лукашенко  паймон  карда шуда буд. Ба  ҳайат  роҳбарон ва  мутахассисони Палатаи савдо  ва  саноати  Белорусия,  ҷамъиятҳои  саҳҳомии  «БелАз»,  Корхонаи тракторсозии  Минск,  корхонаи   мошинсозии  Минск «МАЗ»,  ҷамъиятҳои саҳҳомии «Амкодор», «Лидселмаш», «Оршаагропроммаш», «Лидахлебопродукт», «Лидагропроммаш», «Белагромаш» ва  ғайра  шомиланд. Намояндагони  Белорусия  бо  мақсади   муҳокимаи  масъалаҳои  ҳамкорӣ бо  роҳбарияти  вазоратҳои рушди  иқтисод  ва  савдо,  нақлиёт  ва  алоқа,  энергетика  ва  саноат,   кишоварзӣ,  мақомоти  ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Душанбе,  муассисаи   роҳи  оҳани  Тоҷикистон,  шабакаи   барқи   Тоҷикистон, «Ориёнбонк»,  корхонаи  воҳиди  давлатии  «Тоҷикагролизинг»  ва  соҳибкорону  тоҷирон  мулоқотҳо анҷом  хоҳанд  дод. Аз  дафтари  матбуоти  сафоратхонаи  Тоҷикистон  дар  Минск   хабар  доданд, ки  сафари  мазкур  ба  вусъати  ҳамкории  корхонаю  ширкатҳо  ва  хоҷагиҳои  хар  ду  мамлакат  мусоидат  хоҳад  кард.  

Февраль 8, 2010 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид