САМБОЧИЁНИ ТОҶИК БА МИНСК МЕРАВАНД

Февраль 8, 2010 11:28

Душанбе,  8 феврал. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров). – Аз  19  то  21  феврал дар пойтахти  Белорусия  —  шаҳри  Минск  барои  ба  даст овардани ҷоми президенти  ин  мамлакат  мусобиқаи  байналхалқии  самбочиён  баргузор  мегардад. Мусобиқаи  мазкур  яке  аз  марҳалаҳои тайёрӣ ба  мусобиқа  барои ба даст  овардани  Ҷоми  ҷаҳон  ба  шумор  меравад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  ин  мусобиқа  самбочиёни тоҷик  Олим  Зикоев  дар  вазни  57  килограмм   ва Набимуҳаммад  Хоркашов  дар  вазни  100  килограмм  иштирок  хоҳанд  кард. О.Зикоев   соли гузашта  дар  ин  мусобиқа  ширкат  варзида,  яке  аз  ҷойҳои  аввалинро  ишғол  карда  буд.

Февраль 8, 2010 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд