ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ БАРОИ ҚОЧОҚИ НАШЪА ДАСТГИР ШУДАНД
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — Аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар давоми ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе се кӯшиши қочоқи маводи нашъадор пешгирӣ карда шуд. Аз ҷумла, кормандони шӯъбаи гумруки фурудгоҳи шаҳри Душанбе 11 феврал дар ҷараёни аз назар гузаронидани бору бағоҷи мусофирони ҳавопаймои мусофирбари Душанбе – Бишкек шаҳрванди 24 – солаи Латвия Кристина Бизюлевичют, шаҳрванди 45 – солаи Литва Дале Дексниене ва шаҳрванди 29 – солаи Федератсияи Русия Игор Шестаковро дастгир намуданд. Зимни тафтиш аз бағоҷи дастии Кристина Бизюлевичют 6 халтача бо як килограмму 795 грамм героин, аз бағоҷи дастии Дале Дексниене 6 халтача маводи нашъадор бо вазни 1 килограмму 604 грамм героин ва аз бағоҷи дастии Игор Шестаков 4 халтача маводи нашъадор (вазнаш 1 килограмму 606 грамм) героин ёфт шуд. Вазни умумии героини мусодирашуда 5 килограмму 5 грамм мебошад. Инчунин 12 феврал дар дидбонгоҳи гузаргоҳи сарҳадии «Панҷи поён» шаҳрванди Афғонистон Фирӯз Аҳмад валади Тоҷмуҳаммад дастгир карда шуд, ки мехост 71 килограмм шираи камолро аз Тоҷикистон ба Афғонистон барад. Қочоқчӣ шираи камолро дар махфигоҳи махсуси мошини сабукрав пинҳон карда буд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ ҷамъ овардан ва ба хориҷа бурдани шираи камол дар асоси қонун манъ карда шудааст. Бояд гуфт, ки шираи камол дар саноати дорусозӣ истифода бурда мешавад ва нархи 1 килограмми он дар Афғонистон 50 доллари ИМА мебошад. Тӯли рӯзҳои гузашта инчунин кормандони Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат якчанд кӯшиши фурӯхтани маводи нашъадорро пешгирӣ намуданд. Аз ҷумла, дар ҷараёни кофтукови хонаи истиқоматии сокини 58 — солаи ноҳияи Ҳисор А.И. 9 килограмм героин, дар ҳудуди Шифохонаи шаҳрии №1 — ум 22,7 грамм афюни хом, аз сокини 27 — солаи ноҳияи Файзобод З.Э. 142,3 грамм каннабис ва аз мошини сабукрави сокини пойтахт Н.Х. 126,8 грамм моддаи нашъадори каннабис ёфт шуд. Ному фамилияи пурраи шахсони дастгиршуда барои махфӣ нигоҳ доштани ҷараёни тафтиш зикр карда намешавад. Ҳамаи онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд ва тафтиши дафтари амолашон давом дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






