СОХТМОНИ ТЕРМИНАЛ МАВҚУФ ГУЗОШТА ШУД
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони терминали нави байналмилалӣ боздошта шуд. Сабаби он ба ҳамдигар мувофиқат накардани меъёрҳои сохтмонии Тоҷикистону Фаронса мебошад. Дар ин масъала гуфтушуниди дуҷониба давом дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки терминали байналмилалии Фурудгоҳи байналхалқии Душанбе тибқи паймони Ҳукумати Фаронса ва Ҳукумати Тоҷикистон бунёд карда мешавад. Барои сохтмони он 27 миллион евро сарф карда хоҳад шуд. Аз ин маблағ 20 миллион евроро Ҳукумати Фаронса ва 7 миллион евроро Ҳукумати Тоҷикистон ҷудо мекунад. Сохтмони терминал моҳи октябри соли 2009 оғоз ёфта буд. Он тибқи нақша бояд соли 2011 дар арафаи ҷашни 20 – солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба истифода дода шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






